4 апрели соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати раиси шаҳр, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор иҷлосияи дуюм Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия вакилони халқ, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, кормандони масъули шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассиса, фаъолон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ Иҷлосия ба кори худ шурӯъ карда, вакилон котибот ва рӯзномаи иҷлосияро иборат аз панҷ масъала – тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати ҳафтум аз ҳавзаи интихоботии “Сангчашма” №24, рафти иҷрои “Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025”, иваз намудани муассисаи таҳсилоти умумии асосии №91 ба миёнаи умумӣ, таъсиси гурӯҳи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти томактабии №6 ва тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои кадрӣ ва молиявиро баррасӣ намуданд.
Нахуст, вакилон оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2025, №998 “Дар бораи ба вазифаи раиси шаҳр таъин намудани Носирзода Ҷаббор” қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳрро қабул ва тасдиқ намуданд.
Давр идома тибқи рӯзнома вакилон ваколати вакилии вакил аз ҳавзаи интихоботии “Сангчашма” №24 Файзуллоев Неъматулло Асадулоевичро тасдиқ карданд ва аз рӯи масъалаи дуюм, сеюм ва чоруми рӯзнома – рафти иҷрои “Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025”, иваз намудани муассисаи таҳсилоти умумии асосии №91 ба миёнаи умумӣ, таъсиси гурӯҳи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти томактабии №6 гузориши муовинони раиси шаҳр Нурализода Хайриддин ва Юлдошзода Бунафшаро шунида, вобаста ба масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдори МВХ қабул карда шуд.
Сипас, вакилон ба баррасии масъалаи охирони рӯзномаи иҷлосия – кадрӣ ва молиявӣ шуруъ карда, вобаста ба он қарорҳои дахлдори раиси шаҳрро қабул намуданд.
Бо ҳамин Иҷлосияи дуюми МВХ-и шаҳри Ҳисор, даъвати ҳафтум ба кори худ анҷом бахшид.

