9 апрели соли равон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба вусъати корҳо дар соҳаи кишоварзӣ, дар ҳайати Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” Акрамзода Юсуф ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, бо ҳузури раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор ва мутахассисони Раёсати кишоварзӣ бо фаъолияти кишоварзони шаҳр шинос гардиданд.
Нахуст, ҳайат аз Маркази техникаи ҶСК “Агротехсервис” дидан карда, бо техникаву мошинолотҳое, ки муҳандисони корхона тибқи талабот ва бо пешниҳоди кишоварзон давоми чанд соли охир сохти онҳоро такмил дода, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, шинос шуданд.
Дар идомаи сафари корӣ, муовини Сарвазир ва ҳайати корӣ ба ҷамоатҳои деҳоти Сомон, Деҳқонобод ва Дурбат ташриф оварда, аз гармхонаи замонавӣ, ки бо усули кореягӣ бунёд ёфтааст боздид карданд ва бо ҷараёни кишти чигит дар ҶДММ “Латиф Муродов” ошно гардиданд.
Дар Хоҷагии таҷрибавии “Зарнисор”, воқеъ дар ҳудуди деҳоти Дурбат бо ҳолати нашъунамои картошка ва ҷараёни дигар корҳои саҳроӣ шинос шуда, бо мутахассисони соҳа ва деҳқонон суҳбати озоди сарироҳӣ анҷом доданд. Ба масъулони кумитаи замин, шуъбаи Агентии омор ва Раёсати кишоварзӣ, оид ба самаронку оқилона истифода намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва дигар майдони заминҳои дарихтиёрдоштаи аҳолӣ дастуру тавсияҳои судманд дода, такид намуданд, ки дар ҳисоботҳои омории самти кишоварзӣ, бахусус, баҳисобгирии саршумори чорво, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳангоми таҳлилу баҳисобгирии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз изофанависӣ ё кам нишон додани истеҳсолот худдорӣ карда, бо сафарбарии кормандони шуъбаи омор ҳолати воқеии соҳаро дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ воқеъбинона таҳлилу баррасӣ намоянд ва аз натиҷа ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботҳои дуруст пешниҳод намоянд.
Аз қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, саршумори чорвои сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот боздид намоянд ва мардумро бо авзои сиёсии ҷаҳон, таҳдиди хатарҳои экологӣ ва табиӣ шинос карда, ҳамзамон, ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат, зарурияти таъмини бозорҳои дохилиро бо маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли худӣ, шарҳу тавзеҳ диҳанд. Бо ҳамин сафари кории ҳайати Ситоди ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Ҳисор, анҷом ёфт.

