Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ РАФТИ КИШТИ ПАХТА ВА ДИГАР КОРҲОИ САҲРОИИ ДЕҲҚОНОН

Раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо ҷалби мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, 17 апрел ба ҷамоатҳои деҳоти Сомон, Навобод, Мирзо Ризо ва ба номи Мирзо Турсунзода ташриф оварда, бо рафти шудгор ва омода намудани заминҳо барои кишти чигит, ҷараёни кишти он, парвариши пиёзу картошка, инчунин, ҳосилбандии боғҳои гелос шинос гардиданд.
Дар интиҳои сафар, раиси шаҳр ва ҳайати ҳамроҳон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода аз саҳрои ҶДММ “20-солагии Истиқлолият” дидан карда, бо нашъунамои ғаллазор шинос шуданд.