Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ШИНОСОИИ РАИСИ ШАҲР БО ҶАРАЁНИ МУМФАРШКУНӢ ДАР РОҲИ ЧИМТЕППА-ШАРОРА-ҲИСОР

Имрӯз, субҳ, раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти роҳсозон дар роҳи байнишаҳрии Чимтеппа- Шарора-Ҳисор ба Ҷамоати шаҳраки Шарора ташриф овард.
Раиси шаҳр аз қитъаҳои роҳ дидан карда, бо роҳсозон суҳбат орост ва ба мушкилот дар раванди корҳо ва ташкили фароғату хӯрду хӯроки онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.
Ҳамзамон, ба масъулони бахши саноат, сохтмон ва энергетикаи МИҲД-и шаҳр, кормандони дастгоҳи раиси ҷамоати шаҳраки Шарора, ки ҳамвора паҳлӯи роҳсозон қарор доранд, ҷиҳати ҳалли саривақтии мушкилоти эҳтимолии роҳсозон, фароғати онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода, барои дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани таъмир барор орзу намуд.
Маврид ба ёдоварист, ки роҳи мазкур, ки ниҳоят харобу таъмирталаб гардида буд, бо ташаббуси МИҲД-и шаҳр, дастгирии соҳибкорон дар масофаи зиёда аз 8 километр пурра таъмиру мумфарш мегардад.
Масъулияти таъмиру тармими роҳро ширкати роҳсозии ҶДММ “Русбахт” бар дӯш дорад ва тавре мушоҳида мегардад, он тибқи талаботҳои стандартии роҳсозӣ бо сатҳу сифати баланд бунёд хоҳад ёфт.