Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки раиси шаҳр, аъзои Маҷлиси Маҷлиси миллии Мавҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, инчунин, муовини соҳавии раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ ва мудирони шуъбаю бахшҳои дахлдори дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарият ва кормандони нозироти андоз дар шаҳри Ҳисор ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти андоз вохӯрӣ ва чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор чорабиниро ифтитоҳ карда, кормандони нозироти андозро ба муносибати иди касбӣ табрику таҳният гуфт ва саҳми онҳоро дар ғанӣ гардонидани буҷети шаҳр арзишманд муаррифӣ намуд.
Зикр гардид, ки бо кашфи манбаҳои нави андозбандӣ ва маблағҳои иловагие, ки нозироти андоз ба буҷет ворид намудааст, давоми соли 2024 ва панҷ моҳи соли 2025 дар шаҳр як қатор мушкилоту масъалаҳои иҷтимоӣ ҳалли худро ёфта, ба даҳҳо оилаҳои эҳтиёҷманд кӯмакҳои модиву молӣ расонида шуд. Ғолибони озмуну олимпиада ва фестивалу мусобиқаҳои сатҳи шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва минтақавию байналмилалӣ қадршиносӣ гардида, дар корҳои ободонии муассисаҳои фарҳангиву варзишӣ ва соҳаи маориф, таъмиру тармими роҳҳо, баргузории ҷашну моҳвораҳо ва ҳамин монанд чорабиниҳо масраф карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор кормандони нозироти андози шаҳр, аз ҷумла сардори нозироти андоз дар шаҳр Алишер Алиев, сардори шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба андозсупорандагон Ғиёсиддин Шарифов, сармутахассиси гурӯҳи ташкил ва назорати иҷрои уҳдадориҳои андози соҳибкорони инфиродӣ Фирдавс Сафаров, сармутахассисони гурӯҳи ташкил ва назорати иҷрои уҳдадориҳои андози шахсони ҳуқуқӣ Юсуф Саъдуллозода, Анвар Давлатов, Алихони Наим барои фаъолияти пурсамар, саҳми муносиб дар таъмини иҷрои нақшаи андоз дар шаҳр, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, ва бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз бо “Сипоснома”- и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.