Шоми дирӯз, котиби генералии Салиби Сурхи Федератсияи Россия Савчук Павел Олегович ва ҳайати ҳамроҳонаш, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд.
Меҳмононро дар назди Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии марказии шаҳр намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, кормандони филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ва ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр тибқи таомули аҷдодӣ бо нону намак, таҳти садои карнаю сурнай истиқбол гирифта, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфтанд.
Сипас, меҳмонон аз Осорхона ва Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор дидан карда, бо намунаҳои ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ки ҳанӯз аз давраҳои санг маҳфузанд шинос гардиданд ва эътимод намуданд, ки воқеан шаҳри Ҳисор дорои таърихи беш аз сеҳазорсола буда, далели раднопазири яке аз миллатҳои қадимтарини ҷаҳон будани тоҷикон мебошад.



