8 майи соли равон дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор таҳти раёсати раиси шаҳр, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон- раиси созмони собиқадорони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал майори милитсия Ҷурахонзода Саид Қаюм, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, генерали майори милитсия Азиззода Абдуғафор Қаюм, муовини сардори раёсати кор бо ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, инчунин, роҳбарият ва намояндагони мақомоти прокуратура, амният, комиссариати ҳарбӣ ва Суди шаҳр, сардору мудирони раёсату шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва сохторҳои марказӣ, раисон ва ҳайати дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, имомони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаҳои маҳалла, гурӯҳи Авангард, кормандон ва шӯрои ҷамъиятии назди шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор мулоқот доир гардид.
Раиси шаҳр дар чорабинӣ бо сухани муқаддимавӣ баромад карда, пас аз хайрамақдам, меҳмононро ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги муборакбод гуфт ва афзуд, ки мулоқоти мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор баргузор мегардад.
Сипас, сардори ШВКД дар шаҳри Ҳисор ва намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ, ошкоршавии ҷиноятҳо, омилҳо ва роҳҳои пешгирӣ аз он, инчунин вобаста ба вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, пешгирии ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносии онҳо ва дигар масъалаҳои доғи рӯз, суханронӣ карда, роҳҳои пешгирӣ аз баъзе амалҳои номатлубро, шарҳу тавзеҳ доданд ва изҳор доштанд, ки бидуни ҳамкории муштарак бо аҳли ҷомеа расидан ба ин мақсадҳо ғайриимкон мебошад.
Дар ҳошияи ҳамоиш, бо иштирокчиёни чорабинӣ дар толор муколаммаи озод доир гардид.
Дар фарҷом Ҷурахонзода Саид Қаюм ба раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор, сардори ШВКД дар шаҳр Азиззода Абдуғафор ва якчанд собиқадорони милитсия барои ҳамкориҳои судманд ва густурда, хизмати содиқона дар сафҳои милитсия “Сипоснома”-и Созмони собқадорони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд.



