Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати муовини якуми раиси шаҳр Сироҷиддин Каримзода ва нозири калон оиди муқовимат ба коррупсияи шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор Абдуллозода Одил Толиб ҷаласаи васеъ баргузор гардид.
Дар ҷаласа, ки мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, намояндагони воҳидҳои сохтории мақомоти давлатӣ, раисони ҷамоатҳо ва кормандони дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор иштирок доштанд, тибқи рӯзнома ду пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе ва пешниҳоди шуъбаи Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор – “Дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамояд” ва “Оид ба рафъи ҳолатҳое, ки ба содир гардидани ҷиноят ва дигар қонуншиканиҳо мусоидат кардаанд” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон, дар вақти вохӯрӣ, аз ҷониби Абдуллозода Одил Толиб оиди риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, иҷрои талаботи “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) ва дигар барномаҳои давлатӣ, хусусан доир ба муқовимат бо экстремизм, пешгирии нашъамандӣ, оиди қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин оид ба ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ ва сарфакорӣ дар истифодаи неруи барқ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.



