Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

РОҲИ ДЕҲАИ ЧУҚУРАК МУМФАРШ МЕГАРДАД

13 июни соли равон раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Навобод, ба деҳаи Чуқурак ташриф оварда, дар маъракаи мумфаршкунии роҳи деҳа иштирок намуд.
Сокинони деҳа тасмим гирифтаанд бо дастгирии фарзандони саховатпеша – соҳибкорони ҳимматбаланди диёр, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик ба 2 километр роҳро аз шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода то дохили деҳа таъмир ва мумфарш намоянд.
Бо ҳамин мақсад, пиру барнои деҳа дар даромадгоҳи деҳа ҷамъ омаданд ва бо иштироки раиси шаҳр ва дуои пирони кор ҳиссаҳои аввалини асфалтро рӯи роҳ пошида ба мумфаршкунӣ оғоз бахшиданд.
Раиси шаҳр бо мардуми ҷамъомада суҳбат намуд ва ба ташаббускорони ин амали хайру накӯ барои дастгири аз сиёсати созандаву ободкоронаи Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат, аз номи худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори сипосу минатдорӣ намуд.
Ба иттиллои роҳбари зергуруҳи корӣ дар Ҷамоати деҳоти Навобод, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод давоми солҳои 2024-2025 бахшида ба ҷашни умумимилии Истиқлолият, дар ҳудуди деҳоти Навобод наздик ба 18 километр роҳ мумфарш ва 10 километр роҳ бетонпӯш карда шуд.
Зикр гардид, роҳе, ки айни ҳол мумфарш мегардад, дар арафаи таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ ба сокинону меҳмонони деҳоти Навобод туҳфаи арзишманд маҳсуб меёбад.