Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР НОСИРЗОДА ҶАББОР МОДАРОНИ ВАҲДАТСАРОРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

Шоми 18 июни соли равон раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор занону бонувонеро, ки дар ҳайати Корвони “Модарони ваҳдатсаро” ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда буданд, ба ҳузур пазируфт.
Раиси шаҳр аз иқдоми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуда, меҳмононро ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт ва ба муносибати 28-солагии Ваҳдати миллӣ бо таманниёти нек табрику таҳният намуд.
Меҳмонон аз пазироӣ ва истиқболи гарми сокинони шаҳри Ҳисор изҳори хушҳолӣ карда, ба роҳбарияти шаҳр ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу маънавӣ баргузор намудани чорабиниҳои ташаббуси мазкур дар шаҳр, изҳори сипос намуданд.
Тавре зикр гардид, бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз 16 июни соли равон дар Тоҷикистон сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» бо иштироки занону модарони шинохтаи ҷумҳурӣ, собиқадорон ва фаъолзанон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат оғоз гардид.
Дар ҳайати он занону модарони шинохтаи ҷумҳурӣ аз тамоми вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, собиқадорон ва фаъолзанон шомил буда, бо усули «деҳа ба деҳа» ва «хона ба хона» оид ба тарғиби дастоварҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъии мардум суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.