Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

РАИСИ ШАҲР СОБИҚАДОРОНИ МУЪТАБАРИ ШАҲРРО АЁДАТ НАМУД

Шоми имрӯз, раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор шахсиятҳои муътабари шаҳр, собиқадорони меҳнат ва хизмати давлатӣ, собиқ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Мансуровро дар деҳаи Меҳргони Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ, собиқадори соҳаи кишоварзӣ Нуралӣ Тешаевро дар деҳаи Хирманаки Ҷамоати деҳоти Сомон, собиқ муовини аввали раиси ноҳия (ҳоло шаҳр) Икромҷон Муҳтарамовро, ки инчунин, дар вазифаҳои раиси кумитаи заминсозии ноҳияи Шаҳринав, муҳандиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ, бахши меъмории ноҳия (ҳоло шаҳр)-и Ҳисор фаъолият кардааст, дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор ва собиқ сардори Раёсати истифодабарии иншоотҳои обии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Қодир Алиевро, ки ҳамчунин дар Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Тоҷикистон, Иттиҳодияи байниноҳиявии хоҷагии оби собиқ ноҳияи Ҳисор ва дигар вазифаҳои пурмасъул фаъолият кардааст дар деҳаи Бағалаки Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, аёдат намуд ва ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфт.
Пирони кор ва шаҳрдори Ҳисор аз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат изҳори хушӣ ва қаноатмандӣ карда, аз талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди Тоҷикистон ёдовар шуданд ва иқдоми наҷиби роҳбари шаҳрро накӯ арзёбӣ намуда, бо сипосу эҳтиром изҳори минатдорӣ карданд.
Носирзода Ҷаббор саҳми собиқадоронро дар пешрафти ҷомеа, тарбияи насли наврас назаррас арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки ин иқдом минбаъд низ, пайваста идома меёбад, чунки аёдати пирони кор аз як тараф арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи онҳо маҳсуб ёфта, аз ҷониби дигар василаест, дар тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ва ба меҳнати софдилона талқин намудани онҳо.
Давоми рӯз, ҳамчунин муовини якум ва муовинони раиси шаҳр собиқадорони меҳнат, иштирокчиёни барқароркунии сохти конститутсионии Тоҷикистон ва нафаронеро, ки дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ нақши муассир доранд аёдат намуданд ва паёми табрикии раиси шаҳрро ба муносибати ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ба эшон расониданд.