Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба 35-солагии Истиқлолият роҳҳои мақаллӣ таъмиру тармим ва мумфарш мегарданд.
Субҳи 9 ноябри соли равон, раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо мақсади шиносоӣ бо корҳои ободонии деҳот ба Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ташриф оварда, дар маъракаи мумфаршкунии кӯчаҳои дохилидеҳавии деҳаи Гачак иштирок намуд.
Раиси шаҳр дар минтақаи роҳе, ки таъмир мегардад бо пиру барнои деҳа суҳбат ороста, ба соҳибкорон ва сокинони ватандӯстӣ деҳаи Гачак аз номи худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои иқдоми навбатӣ изҳори сипос намуд.
Сипас, Носирзода Ҷаббор, бо ҳамдастии собиқадори меҳнат – собиқ раиси шаҳр Баҳриддин Солеҳов ҳиссаҳои аввалини асфалтро ба роҳ пошида, роҳсозонро ба идомаи корҳои мумфаршкунӣ ҳидоят намуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки сокинони деҳаи Гачак дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолият, дар ҳудуди деҳа ду пули мошингузар, як варзишгоҳ, майдони аспдавонӣ ва як чоҳи амудӣ бунёд карда мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд ва тасмим гирифтаанд, роҳҳои дохили деҳаро ба масофаи зиёда аз 6 километр таъмиру мумфарш намоянд.
Раиси шаҳр ба роҳсозон ва сокинони деҳа барори кор таманно карда, афзуд, ки роҳи мазкур ба ифтихори ҷашнҳои дарпешистода – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинону меҳмонони диёр туҳфаи арзишманд маҳсуб меёбад ва он солҳои зиёд ба мардум хизмат карда, ҳамзамон, равуои наздиконатонро осон, дустию рафоқатро таҳким мебахшад.


