Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СЕМОҲАИ ЯКУМИ СОЛИ 2026

15 апрели соли 2026 таҳти раёсати раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси васеи корӣ баргузор гардида, натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2026 таҳлилу баррасӣ карда шуд.
Дар маҷлис муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони воҳидҳои сохтории МИҲД-и шаҳр, раисон, муовинон ва котибони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ, ташкилоту муассисаҳо, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Пас аз эълони рӯзнома ва қабули регламенти маҷлис муовини раиси шаҳр Зиёвиддинзода Гулноза оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоиии шаҳр дар семоҳаи якуми соли равон маърӯза карда, натиҷаҳои ба даст омада ва камбудиву мушилоти соҳаҳоро дар ин давра шарҳу тавзеҳ дод.
Зикр гардид, ки дар семоҳаи якуми соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти минтақавӣ нисбати ҳамин давраи соли 2025-ум 104,9 млн. сомонӣ зиёд буда, ин нишондиҳанда дар истеҳсол ва коркарди маҳҳсулоти саноатӣ 106,8 фоиз, соҳаи кишоварзӣ 104,4 фоиз, сармоягузорӣ ва сохтмон 195,1 фоиз, гардиши савдо 103,5 фоиз ва ҳаҷми хизматрасонӣ 110,5 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар ҳаҷми маҳсулоти минтақавии шаҳр ҳиссаи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ 5,9 фоиз, кишоварзӣ 14,4 фоиз, сармоягузорӣ ва сохтмон 11,5 фоиз, гардиши савдо 62,5 фоиз ва хизматрасонӣ 5,7 фоизро ташкил менамояд.
Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Ҳисор бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 95 млн. 688,7 ҳазор сомонӣ маблағи андозҳо ворид шудаааст, ки нисбат ба нақша 2 млн. 808,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар идомаи маҷлис муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳр суханронӣ карда, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноату сохтмон ва кишоварзӣ, инчунин, савдо ва хизматрасонӣ масъулинро пурсиш ва ҷиҳати рафъи мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта, вазифагузорӣ намуданд.
Муовини Сарвазир натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро дар семоҳаи аввали соли равон дар шаҳр устувор маънидод карда, барои фаъолият дар минбаъда ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолони шаҳр барору муваффақият таманно намуд.