22 апрел сафараи кории раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар саҳрои хоҷагии “Ҳайдар Миров” идоммак ёфт. Хоҷагидорон тасмим гирифтаанд кишти зироатҳои баҳориро вусъат бахшида, аз ҷумла дурнамои кишти чигитро дар муҳлати муқарраршуда, бо сифати баланд ба анҷом расонанд. Бо ин мақсад деҳқонони хоҷагӣ аз имкониятҳои дошта самаранок истифода карда, тибқи иттиллои роҳбари хоҷагӣ ҳамарӯза 5-6 гектар кишти чигит мегузаронанд.
Раиси шаҳр дар деҳаи Чуқураки деҳоти Навобод бо ҷараёни кишт шинос гардида, ба механизаторон барои кишти босифат маслиҳату тавсияҳои судманд дод ва барои иҷрои нақшаи кишт ва ба даст овардани ҳосили дилхоҳ барору муваффақият орзу намуд. Ҳамзамон, аз нашъунамои пиёзи барвақтӣ дар қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ дидан карда, сабзишу тобоварии онро ба бемориҳо қонеъкунанда арзёбӣ намуд.

