22 апрели соли 2026 раиси шаҳри Ҳисор, уви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор пас аз анҷоми боздид аз корҳои ободониву созандагӣ ва кишоварзӣ дар деҳоти Навобод, дар маркази ҷамоат бо фаъолон мулоқот намуд.
Дар мулоқот, ки бо ҳузури муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр ва фаъолони ҷамоат доир гардид, ҳолати хоҷагии халқи ҷамоат, рушди иҷтимоию иқтисодии он, ҳамчунин омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолият, рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ, киштукори баҳорӣ, сафарбари ба хизмати ҳарбӣ, вазъи муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти ҷамоат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Раиси шаҳр муовини якум, ҳамзамон раиси комиссияи шаҳрии 35-солагии Истиқлолият, роҳбари зергурӯҳи корӣ дар ҷамоат, раиси ҷамоат ва дигар масъулинро вобаста ба корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашн, ҷамъбасти натиҷаҳои сафари корие, ки субҳи имрӯз анҷом дод ва аз, дастоварду камбудиҳои ҷойдошта пурсиш карда, ҷиҳати рафъу ислоҳи онҳо масъулини соҳаҳоро вазифагузорӣ намуд.

