Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИФТИТОҲИ ПУЛИ МОШИНГУЗАР ДАР РӮДХОНАИ КОФАРНИҲОН

25 апрели соли 2026 дар деҳаи Шерхонӣ, Ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор бо иштироки роҳбарияти шаҳр, сармоягузорони ватанӣ ва сокинону меҳмонон аз ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Рӯдакӣ маросими ифтитоҳи пули мошингузар дар болои рӯди Кофарниҳон баргузор гардид.
Муовини якуми раиси шаҳр, ҳамзамон раиси Комиссияи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолият дар шаҳри Ҳисор Каримзода Сироҷиддин ба соҳибкор Муҳиб Бобоҷонов ва фарзандонаш, ки сармоягузори сохтмони пули мазкур мебошанд, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минатдорӣ карда, чун рамзи эҳтирому қадрдонӣ “Сипоснома”-и раиси шаҳрро тақдим намуд.
Зикр гардид, ки иқдоме, ки имрӯз соҳибкорони саховатпешаю ҳимматбаланди диёри азизамон дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш гирифтаву амалӣ карданд, асосан ба ободонӣ, созандагӣ ва дастгирии иҷтимоии аҳолӣ равона шудааст. Ин ташаббусҳо дар арафаи ҷашни миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан, дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ” вусъати бештар гирифтаанд, ки шоистаи таҳсин мебошад.
Пули мошингузар, дар баробари он ки деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакиро ба ҳам мепайвандад, ҳамчун пайвандгари дилҳо мардумро ба ҳам наздик менамояд, ба рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақа мусоидати фаъол хоҳад намуд.
Сокинони деҳаҳои Шерхонӣ, Равшан, Кӯҳнабойи деҳоти Ҳисор ва деҳаҳои ҷониби муқобили соҳили дарёи Кофарниҳон даҳсолаҳо инҷониб ниёз ба чунин як пуле доштанд, ки равуои онҳоро ба деҳаҳои ҳамдигар, ҳамчунин пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе осон ва наздик намояд. Ин рӯзи нек фарор расид ва моро зарур аст, ки ба қадри ин туҳфаи идона бирасем ва ба он муносибати ғамхорона зоҳир карда, самаранок истифода намоем,- зикр намуданд нотиқон.
Маврид ба ёдоварист, ки пули мошингузар ба дарозии 220 метр бо маблағи зиёда аз 5 млн. сомонӣ сохта шудааст ва иқтидори борбардории он 7 тоннаро ташкил медиҳад.