Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БАРРАСИИ ПЕШНИҲОДИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ ДАР МАҶЛИСИ ВАСЕИ МИҲД-И ШАҲРИ ҲИСОР

Субҳи имрӯз, 27 апрел дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, директорони муассисаҳои таҳсилотии шаҳр маҷлиси васеи корӣ баргузор гардид.
Тибқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 апрели соли 2026 оид ба бартарафкунии қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда дар самти терроризм ва экстремзм мавриди баррасӣ қарор дода шуда, фаъолияти роҳбарияти муассисаи таҳсилоти миёнаи №27-и шаҳр дар масъалаи баррасишаванда мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар идомаи маҷлис рафти корҳои ободониву созандагӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил шуда, масъулон барои вусъати корҳо ва омода намудани иншоот барои ифтитоҳ дар арафаи ҷашн муваззаф гардиданд.