Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БАРГУЗОРИИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

2 июни соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, таҳти раёсати муовини раиси шаҳри Ҳисор Гулноза Зиёвиддинзода ҷаласаи навбатии Шӯрои директорони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид. Дар ҷаласа масъулини шуъбаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва иштирок доштанд.
Нахуст, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор Ҳусниддин Сангинзода оид ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар чоряки чоруми соли таҳсили 2025–2026 ҳисобот дода, натиҷаҳои рейтинги муассисаҳои таълимиро, ки байни муассисаҳо баргузор гардида буд, мавриди таҳлилу барасӣ қарор дод. Зикр гардид, ки рейтинг аз рӯи як қатор нишондиҳандаҳо, аз ҷумла сифати таълиму тарбия, сатҳи донишазхудкунии хонандагон, иштироки онҳо дар озмуну олимпиадаҳо, интизоми меҳнат ва фаъолияти ҷамъиятии муассисаҳо муайян карда шудааст.
Сипас, муовини раиси шаҳри Ҳисор Гулноза Зиёвиддинзода
суханрони карда, таъкид намуд, ки баланд бардоштани сифати таҳсилот, тарбияи насли соҳибмаърифат ва тақвияти масъулияти омӯзгорон аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор меравад. Ҳамзамон, аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ даъват ба амал оварда шуд, ки барои рушди соҳаи маориф, тадбиқи барномаҳои давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Инчунин, дар ҷаласа масъалаҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар соли хониши 2025-2026, омодагӣ ба ҷамъбасти соли таҳсил, иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ натиҷагирӣ карда шуд.
Дар фарҷоми ҷаласаи Шӯро роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди омодагӣ баргузор намудани атестатсияҳо ва имтиҳонҳои хатмкунӣ вазифадор карда шуданд.