Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БАРГУЗОРИИ АТТЕСТАТСИЯИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор аттестатсияи хизматчиёни давлатии аттестатсияшавандаи дастгоҳи раиси шаҳр, сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва мақомоти худидораи шаҳраку деҳот баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории аттестатсия муайян намудани сатҳи донишҳои касбӣ, малакаву маҳорати идоракунӣ, донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ мебошад. Дар кори комиссияи аттестатсионӣ муовини раиси шаҳри Ҳисор Нурализода Хайриддин, сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Амиршоҳзода Сурайё Абдуҷаббор ва намояндаи мақомоти дахлдор Ниёзода Бобобоҷон ҳамчун аъзои ҳайати ҳакамон иштирок намуданд. Зимни аттестатсия аз хизматчиёни давлатӣ вобаста ба донишҳои соҳавӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», тартиби ҳуҷҷатнигорӣ, риояи одоби хизматчии давлатӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти касбӣ саволҳо пешниҳод гардида, сатҳи омодагии онҳо мавриди арзёбӣ қарор гирифт. Таъкид карда шуд, ки хизматчии давлатӣ бояд дорои донишҳои мукаммали касбӣ, ҷаҳонбинии васеъ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба манфиатҳои давлату миллат бошад. Ҳамчунин баланд бардоштани савияи дониш, истифодаи технологияҳои муосири идоракунӣ ва иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ аз ҷумлаи талаботи асосии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ арзёбӣ гардид. Дар фарҷоми аттестатсия фаъолияти хизматчиёни давлатӣ аз ҷониби комиссия баҳогузорӣ шуда, барои такмили малакаи касбӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.