Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРӢ БА ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ «ШОҲНОМАХОНӢ»

12 июни соли 2026 дар “Амфитеатр”-и боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Ҳисор маросими ҷоизасупории ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Ҳисор Гулноза Зиёвиддинзода иштирок ва суханронӣ карда, ғолибон ва иштирокчиёни озмунро аз номи раиси шаҳр шодбош гуфт.
Таъкид намуд, ки баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба мероси гаронбаҳои таъриху фарҳанг ва тарбияи маънавии насли наврас дар роҳи худшиносии миллӣ нақши муҳим доранд.
Дар чорабинӣ хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва олии касбӣ ва дӯстдорони адабиёт-синни то 70 сола иштироки фаъолона намуданд. Маҳорати баланди қироат ва дониши амиқи довталабон аз “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ аз ҷониби ҳакамон хуб баҳогузорӣ шуда, беҳтаринҳо бо “Диплом” , “Сипоснома” ва туҳфаю ҷоизаҳои таъсиснамудани мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.
Дар чорабинӣ ғолибони озмун саҳнаеро аз “Шоҳнома” дар бораи воқеаҳои пурҳасрати ин достони машҳур- кушта шудани Сӯҳроб аз дасти падараш, нолаҳои сӯзноки Таҳмина, ки лаҳзаҳои пурдарди ҷудоӣ ва пушаймонии Рустамро инъикос менамуд бо маҳорати баланд пешкаш намуданд ва сазовори истиқболи гарму кафкӯбиҳои бардавоми тамошобинон гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ҳунармандони Филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов барномаи рангини консертиро пешкаши ғолибону меҳмонон намуданд.