Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

Month: October 2024

ТАШАББУСИ НАВБАТИИ МУМФАРШКУНӢ ДАР ДАҲБЕДИ ҲИСОР

Имрӯз, субҳ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода дар деҳаи Даҳбед бо иштироки пиру барнои деҳа ба мумфаршкунии кӯчаҳои дохилидеҳавӣ оғоз намуданд. Носирзода Ҷаббор бо дуои пирони кор ҳиссаҳои аввалини мумқирро рӯи роҳ пошида, аснои суханронӣ иброз дошт, ки иқдоми мазкур дар арафаи …

ТАШАББУСИ НАВБАТИИ МУМФАРШКУНӢ ДАР ДАҲБЕДИ ҲИСОР Read More »

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН БО ИШТИРОКИ ВАКИЛИ ПАРЛУМОН

26 октябри соли равон рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо ҳузури вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода сурат гирифт. Ба роҳбари шаҳр 13 нафар шаҳрвандон-сокинони шаҳр оид ба баҳсҳои оилавӣ, баҳси замин, мусоидат барои таъмир ва дастрасӣ ба манзили зист, бунёди чойхона барои мӯйсафедон дар …

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН БО ИШТИРОКИ ВАКИЛИ ПАРЛУМОН Read More »

БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ ТАРМИМИ РОҲҲОИ МАРКАЗИ ШАҲР

Нимаи дуюми рӯзи 25 октябри соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои таъмиру тармим дар роҳи кӯчаи ба номи Ӯроқ Аловиддинови маҳаллаи 8-ум ва барқароркунии садамаҳо дар хатҳои обу канализатсия аз мавзеи мазкур боздид карда, барои саривақт ба анҷом расонидани корҳои ба нақша гирифташуда кормандони шуъбаи ҳифзи …

БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ ТАРМИМИ РОҲҲОИ МАРКАЗИ ШАҲР Read More »

ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳуруии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Тоҷикистон шуруъ аз 22 октябр вакилон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо интихобкунандагони худ, сокинони шаҳри Ҳисор вохӯрӣ доир менамоянд. Дирӯз, 22 октябр чунин як вохӯрии вакили Маҷлиси навмояндагон Сурайё Дӯстмуродзода бо ҷавонон ва наврасони шаҳри Ҳисор дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи …

ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН Read More »

БАРГУЗОРИИ ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Саидзода Шаҳбоз ва Нурализода Хайриддин – раиси комиссия ва аъзои комиссияи озмун дар назди мақомот, озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ баргузор ва …

БАРГУЗОРИИ ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

МАҲФИЛИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 55-СОЛАГИИ КАМОЛОТИ ЭҶОДИИ ШАМСИДДИН МУҲИДДИН

22 октябри соли равон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бахшида ба 55-солагии фаъолияти эҷодии собиқ роҳбар ва ташкилкунандагони ансамбли “Шашмақом”-и Филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Шамсиддин Муҳиддин чорабинии пуршукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Ҳисор Бунафша Юлдошзода иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки устоди ҳунар …

МАҲФИЛИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 55-СОЛАГИИ КАМОЛОТИ ЭҶОДИИ ШАМСИДДИН МУҲИДДИН Read More »

НАТИҶАҲОИ РУШД ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2024

18 октябри соли 2024 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ ва таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор маҷлиси фаъолони шаҳр оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда баргузор гардид. Тибқи рӯзнома, дар маҷлис ҳисоботи муовини …

НАТИҶАҲОИ РУШД ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2024 Read More »

ТАНТАНАИ РӮЗИ ФАЛАК ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Дар толори Осрхонаи марказии шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи фалак, ки дар кишвари мо ҳамасола 10 октябр таҷлил мегардад, бо иштироки аҳли адаб ва фарҳанги шаҳр чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳр Юлдошзода Бунафша иштирок ва суханронӣ карда, кормандони фарҳанг ва дар симои онҳо сокинони шаҳрро аз номи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр …

ТАНТАНАИ РӮЗИ ФАЛАК ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

ҶАЛАСАИ ВАСЕИ СИТОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Шоми 8 октябр таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ҷаласаи васеи Ситоди шаҳрӣ оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи Ситод, ки бо иштироки муовинон ва мудирони шуъбаю бахшҳои даастгоҳи раиси шаҳр, раисон ва мутахассисони мизи ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони зергурӯҳҳои корӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли …

ҶАЛАСАИ ВАСЕИ СИТОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ Read More »

МАКТАБ БА НОМИ ОМӮЗГОР НОМГУЗОРӢ ШУД

5 октябри соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар маросими номгузорӣ шудани муассисаи таҳсилоти миёнаи №26, воқеъ дар деҳаи Гулхании Ҷамоати деҳоти Ҳисор ба номи омӯзгор, собиқ мудири маорифи шаҳр, вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри …

МАКТАБ БА НОМИ ОМӮЗГОР НОМГУЗОРӢ ШУД Read More »