БАРРАСИИ ПЕШНИҲОДИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ ОИД БА БАРТАРАФКУНИИ ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ДАР ТАҚСИМОТИ ЗАМИН
25 ноябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ва иштироки муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсат, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин масъулони кумитаи идораи замин, бахши меъморию шаҳрсозӣ, КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” ва …