Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

Month: December 2024

ШОМИ ФАРҲАНГИИ СОЛИНАВӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Шоми 31 декабрИ СОЛИ 2024 пиру барнои шаҳри Ҳисор бо рӯҳияи саршор аз муҳаббату садоқат ба диёри азизамон Тоҷикистон дар хиёбони ба номи Ҳабибулло Назарови шаҳраки Ҳисор, атрофи арчаи солинавӣ ҷамъ омада, фарорасии Соли нави мелодии 2025-ро таҳти унвони “Соли нав-иқболи нав”, пуршукӯҳ таҷлил намуданд. Дар чорабинии фарҳангии идона иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода …

ШОМИ ФАРҲАНГИИ СОЛИНАВӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

ТУҲФАИ СОЛИНАВӢ БА ЯТИМОН

30 декабри соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор 50 нафар ятимонеро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум гаштаанд ба ҳузур пазируфт. Роҳбари шаҳр ятимонро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки тарбияи инсони солиму комил аз ҳадафҳои неки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Пешвои …

ТУҲФАИ СОЛИНАВӢ БА ЯТИМОН Read More »

АЁДАТ ВА ТАБРИКОТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ВА ПИРОНИ РӮЗГОРДИДА

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ба ҷамоатҳои шаҳраки Ҳисор, деҳоти Ҳисор, Хонақоҳи Кӯҳӣ, Навобод ва Мирзо Ризо ташриф оварда, дар маҳаллаи Белайдуз собиқадори мақомоти прокуратура Баракатулло Камолов, маҳаллаи Омӯзгор раиси собиқадорони ҷангу меҳнат дар шаҳр Инъомҷон Аъзамов, деҳаи Меҳргон собиқ сардори Идораи беҳдошти замин …

АЁДАТ ВА ТАБРИКОТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ВА ПИРОНИ РӮЗГОРДИДА Read More »

КӮМАК БА ЗЕБОИОФАРОНИ ШАҲР

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор кормандони Муассисаи ободонӣ ва кабудизоркунии назди МИҲД-и шаҳрро ба ҳузур пазируфта, ба муносибати оғози Соли нави мелодии 2025 табрику таҳният гуфт. Ҳамзамон, саҳми кормандони муассиса, бахусус занону бонувонро дар ободониву тозагии шаҳр шоистаи таҳсин арзёбӣ карда, барои заҳмати шабонарӯзӣ изҳори сипос намуд. Раиси шаҳр барои суфраи зимистона ва …

КӮМАК БА ЗЕБОИОФАРОНИ ШАҲР Read More »

ИҶЛОСИЯИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲР БА НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲОИ ҶАШНИИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО ВОРИД КАРД

26 декабри соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ШАҲРИ Ҳисор Каримзодав Сироҷиддин иҷлосияи бисту панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати шашум баргузор гардид. Дар кори иҷлосия иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор, вакилони халқ, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, кормандони масъули шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси …

ИҶЛОСИЯИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲР БА НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲОИ ҶАШНИИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО ВОРИД КАРД Read More »

ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТҲО ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

25 декабри соли равон намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматуллозода Ҳикматулло, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус ба 270 нафар ва дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва сустбин ба 220 …

ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТҲО ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

СОАТИ КИШОВАРЗӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ШАҲР

Дирӯз. 14 декабр таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ва бо иштироки муовини соҳавӣ, кормандони Раёсати кишоварзӣ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷаласаи машваратии “Соати кишоварзӣ” баргузор гардид. Тавре зикр гардид, машварат бо мақсади вусъати корҳои кишоварзӣ – шудгор ва кишти тирамоҳӣ, ҷамъоварии …

СОАТИ КИШОВАРЗӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ШАҲР Read More »

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ БОЗОРИ “САМОҲ”

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо мақсади шиносоӣ бо ҳолати омодагии бозорҳо ба фасли зимистон, таъмини амнияти озуқаворӣ, ки аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, инчунин, назорати захираи маҳсулоти хӯрокворӣ, бахусус, озуқаи ҳаётан муҳим, нарх ва шароити нигоҳдории онҳо, тозагӣ ва ҳолати санитарии раставу дӯкон ва ошхонаҳо …

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ БОЗОРИ “САМОҲ” Read More »

БО ДАСТГИРИИ НОСИРЗОДА ҶАББОР КИТОБИ АДИБИ БЕМОР ОЧИЛДИИ БЕТОБ БА НАШР РАСИД

Бо дастгирии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор китоби “Гузари умр”-и адиб ва хаттоти моҳир Очилдии Раҷабиён, ки бо тахаллуси “Бетоб” эъҷод мекунад, дар нашриёти “Мулквар” бо сифати баланд ба нашр расид. 13 декабр бо ҳидояти Носирзода Ҷаббор барои дастрас кардани китоби тозанашри адибе, ки 50 сол инҷониб нотавону бемории бистарист – Очилдии Бетоб, …

БО ДАСТГИРИИ НОСИРЗОДА ҶАББОР КИТОБИ АДИБИ БЕМОР ОЧИЛДИИ БЕТОБ БА НАШР РАСИД Read More »

НОСИРЗОДА ҶАББОР БАРОИ ТАЪМИРИ РОҲИ ҲИСОР-ШАРОРА СОҲИБКОРОНРО БА ҲАМКОРӢ ДАЪВАТ НАМУД

12 декабри соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо мақсади таъмири 8 километр роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Ҳисор – Шарора – Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳбарони корхонаҳои саноатиие, ки дар шафати роҳи мазкур ҷой гирифтаанд, мулоқот намуд. Тавре роҳбари шаҳр зикр намуд, дар шаҳри Ҳисор 244,53 километр роҳ, аз ҷумла 22,6 километр роҳҳои …

НОСИРЗОДА ҶАББОР БАРОИ ТАЪМИРИ РОҲИ ҲИСОР-ШАРОРА СОҲИБКОРОНРО БА ҲАМКОРӢ ДАЪВАТ НАМУД Read More »