ДАСТГИРИИ МАЪЮБОН ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР
Бо мусоидати раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ва дастгирии ҶДММ “Металинвест” ба 17 нафар маъюбоне, ки барои дастрасӣ ба аробачаи маъюбӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муроҷиат карда буданд, аробачаҳои маъюбӣ, роҳгардакҳо дастрас карда шуд. Аробачаҳо ва як миқдор маводи хӯрокаи ниёзи аввалро раиси шаҳр бо иштироки намояндаи Ҷамъият ба соҳибонашон-сокинони ҷамоатҳои деҳоти Сомон, …
