Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

Month: April 2025

МАҲФИЛИ САЙЁРИ АДАБӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБИ КӮДАКОН

Дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор бо ибтикори бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракат ба муносибати Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон маҳфили сайёри адибони шаҳри Ҳисор-“Саройи сухан” бо иштироки муовини раиси шаҳр Юлдошзода Бунафша ва устодону шогирдони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7, …

МАҲФИЛИ САЙЁРИ АДАБӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБИ КӮДАКОН Read More »

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ШАҲР БА ДЕҲОТИ ОРИЁН ВА ДЕҲҚОНОБОД

Субҳи имрӯз раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ба ҷамоатҳои деҳоти Ориён ва Деҳқонобод сафари корӣ анҷом дода, бо омодагии кишоварзон ба кишти пахта шинос гардид. Нахуст, раиси шаҳр бо иштироки мутахассисон, дар Ҷамоати деҳоти Ориён аз майдонҳои кишти пахтаи хоҷагиҳои деҳқонии шарикии “Холмаҳмад Қараев”, “Ризозода Икром – 217”, “Ҳалқарӯд”, “Нуробод Ҳафттеппа” ва “Файзи баракати Ҳисор”, …

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ШАҲР БА ДЕҲОТИ ОРИЁН ВА ДЕҲҚОНОБОД Read More »

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ЗАБОНОМӮЗӢ ДАР ДЕҲАИ ҒАЙРАТОБОДИ ДЕҲОТИ СОМОН

7 апрели соли равон дар деҳаи Ғайратободи Ҷамоати деҳоти Сомон бо иштироки муовини раиси шаҳри Ҳисор, ҳамзамон роҳбари зергурӯҳи корӣ дар ҷамоати мазкур Хайриддин Нурализода Маркази омӯзишии “FARDO SCHOOL” (Мактаб барои Фардо) мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз ҷониби …

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ЗАБОНОМӮЗӢ ДАР ДЕҲАИ ҒАЙРАТОБОДИ ДЕҲОТИ СОМОН Read More »

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ МАЙДОНҲО БАРОИ КИШТИ ПАХТА

Дирӯз раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо масъулони соҳаи кишоварзии шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони хоҷагиҳои ҷамъиятӣ машварат доир карда, оид ба ҷобаҷогузории кишти зироатҳо, бахусус пахта, суҳбат намуд. Раиси шаҳр бо ёдоварӣ аз супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони хоҷагиро таъкид намуд, ки нақшаи тасиқнамудаи раёсати кишоварзӣ оид ба дурнамо ва ҷобаҷогузории кишти …

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ МАЙДОНҲО БАРОИ КИШТИ ПАХТА Read More »

РОҲИ ДЕҲАИ ШУРОБИ ИСКАНДАР МУМФАРШ МЕГАРДАД

Тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Шуроби Искандари Ҷамоати деҳоти Сомон роҳи марказии деҳа, ки ба шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода пайваст аст, бо саҳми аҳолӣ мумфарш мегардад. Дар маросими оғози корҳои мумфаршкунии роҳ раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор иштирок карда, бо пиру барнои деҳа, ки ҷамъ омада буданд суҳбат орост ва …

РОҲИ ДЕҲАИ ШУРОБИ ИСКАНДАР МУМФАРШ МЕГАРДАД Read More »

НАВРӮЗ ПАЁМ АЗ СУЛҲУ ВАҲДАТ ВА ДУСТИИ ХАЛҚҲОИ ҶАҲОН АСТ

5 апрели соли равон дар фароғатгоҳи “Green House”, воқеъ дар дараи хушманзараи Алмосии шаҳри Ҳисор бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва бо иштироки роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагиҳои дипломатии муқимӣ пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе чорабинии идонаи Наврӯзӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳунармандони шаҳр намунаҳои ҳунарҳои …

НАВРӮЗ ПАЁМ АЗ СУЛҲУ ВАҲДАТ ВА ДУСТИИ ХАЛҚҲОИ ҶАҲОН АСТ Read More »

БАРГУЗОРИИ МАЪРАКАИ ПУРШУКӮҲИ БУЗКАШӢ БАХШИДА БА НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ, ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Имрӯз, 5 апрел дар варзишгоҳи бузкашии “30-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Ҳисор, дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ, маъракаи пуршукӯҳи бузкашӣ доир гардид. Дар маърака човандозон аз тамоми гӯшаву канори мамлакат ва берун аз он иштирок карда, нерӯву ҷасорати худ ва чолокиву ғайрати аспони чобуку бодпойи хешро дар ин …

БАРГУЗОРИИ МАЪРАКАИ ПУРШУКӮҲИ БУЗКАШӢ БАХШИДА БА НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ, ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

КИШТИ ЗЕРИ ПЛЁНКАИ ПУНБАДОНА ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Нимаи дуюми рӯзи 4 апрели соли равон раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло ва олимони Академия дар маъракаи кишти зери плёнка, ки дар Хоҷагии таҷрибавӣ истеҳсолии “Зироаткорӣ”-и Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Дурбат баргузор шуд, иштирок намуданд.Дар қитъаи мазкур, ки 2 гектарро ташкил медиҳад бо …

КИШТИ ЗЕРИ ПЛЁНКАИ ПУНБАДОНА ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

ИҶЛОСИЯИ ДУЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ҲИСОР, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ

4 апрели соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати раиси шаҳр, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор иҷлосияи дуюм Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар кори иҷлосия вакилони халқ, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, кормандони масъули шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку …

ИҶЛОСИЯИ ДУЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ҲИСОР, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ Read More »