Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ

Субҳи 1 сентябри соли равон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳуроии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо мақсади расонидани Паёми табрикотии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи дониш” ба Муассисаи давлатии коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор ташриф овард.
Нахуст, Носирзода Ҷаббор бо шароитҳои таълиму тадрис дар синфхонаю кабинетҳои муассиса шинос шуда, аз китобхона, кабинети компютерӣ синфхонаҳои таълимӣ, намоиши дастовардҳои устодону шогирдони муассиса дар даврони соҳибистиқлолӣ дидан намуд ва бо омӯзгорону донишҷӯён дар синфхонаву долонҳо суҳбат намуд.
Сипас, дар саҳни муассиса бо иштироки раиси шаҳр ва омӯзгорону донишҷӯён чорабинии тантанавӣ доир гардид ва Носирзода Ҷаббор суханронӣ карда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати кормандону донишҷӯёни Колеҷи омӯзгориро ба муносибати Соли нави хониш ва Рӯзи дониш табрику таҳният гуфт.
Аз мактабу мадрасадории халқи тоҷик тӯли таърих ёдовар шуда зикр намуд, ки бузургтарин дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 34 соли Истиқлоли давлатӣ, пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодву иҷтимоӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми қишрҳои ҷомеа аст.
Зикр гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бо шарофати заҳмати фидокоронаву садоқатмандонаи мардуми кишвар, ки дар ин радиф омӯзгорони Муассисаи давлатии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор низ, саҳми босазо доранд, ба давраи рушди устувори худ ворид гардидааст.
Аз ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – эълон гардидани “20-солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”- солҳои 2020-2040, озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, ки ба фароҳам овардани заминаҳои рушду такомули тафаккури техникиву технологӣ дар муассисаҳои таълимии зинаҳои гуногун ва пажӯишгоҳҳои илмӣ, тарбияи насли нави муҳаққиқони соҳаи техника, боло бардоштани завқи китобхонӣ такони ҷиддӣ бахшидааст, инчунин аз 1 сентябр аз 20 то 30 фоиз зиёд гардидани маоши омӯзгорон ва қабули Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” ёдовар шуда, афзуд, ки айни ҳол дар соҳаи маорифи мамлакат 8 барномаи давлатӣ ва 2 стратегияи дарозмуддат, инчунин 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.
Дар фарҷоми суханронӣ раиси шаҳр таъкид намуд, ки вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки пайваста ба такмили давлатдории миллӣ ва таҳкими Истиқлолияти кишвар, ки ба боло рафтани ифтихори ватандорӣ сатҳи худшиносиву худогоҳӣ мусоидат менамояд, талош варзем. Рушди устувори давлатдории миллӣ аз мо иштироки фаъолона дар ташакули ояндаи давлатдориро талаб мекунад. Бинобар, моро зарур аст, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан созем, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун карда, созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол расонем то кишвари худро ҳимоя кунанд ва эътибори байналмилалии онро баланд бардоранд.
Изҳори итминон намуд, ки омӯзгорони муассиса минбаъд низ, бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар роҳи рушди илму маориф қадамҳои устувор гузошта, нерӯи худро ба пешрафти боз ҳам бештари рушду нумуъи соҳаи маориф равона месозанд.