Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОЗДИДИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ БИНОҲОИ ИСТИҚОМАТИИ БАЛАНДОШЁНА ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз 1 сентябр то 10 сентябри соли равон вакилони Маҷлиси намояндагон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо интихобкунандагон вохӯрӣ баргузор менамоянд.
Вохӯриҳои вакили Маҷлиси намояндагон Сурайё Дӯстмуродзода дар муассисаву ташкилот ва кохонаҳои шаҳри Ҳисор бо маром идома дорад.
3 сентябр вакил Сурайё Дӯстмуродзода ба маҳаллаи Камоли Хуҷандии Ҷамоати шаҳраки Ҳисор ташриф овард ва бо сохтмончиёни ҶДММ “Каён” мулоқот карда онҳоро аз номи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 34-солагии Истиқлолият шодбош гуфт. Хамчунин, ба аҳли захмат барои татбиқи нақшаи генералии шаҳр ва нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор изҳори сипос намуд.
Вакили Маҷлиси намояндагон зимни дидор бо коргарони ҷамъият аз рушди бесобиқаи мамлакат давоми 34 соли Истиқлоли давлатӣ, ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолият ва ҳалли проблемаҳои глобалии сайёра, инчунин, татбиқи чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, оид ба моҳияти Истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, инчунин, қонунгузориҳои кишвар, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон, ҷалби бештари мардум ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, истифодаи дурусти нерӯи барқ, самаранок истифода бурдани ҳар порча замин ва захираи маводи озуқаворӣ барои 2 сол, инчунин ҷиҳати бо тарҳи зебо ва тибқи анъанаҳои меъморию шаҳрсозии шарқиёна бунёд кардани биноҳои истиқоматӣ суҳбат намуд.