Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲИ КОРМАНДОНИ МИҲД-И ШАҲРИ ҲИСОР

17 декабри соли равон, раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо фаъолони шаҳр мулоқот доир карда, оид ба муҳтаво ва нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 16 декабр дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, маърӯза намуд.
Зикр гардид, ки ҳамасола, дар интиҳои сол паёми Президенти кишвар, ки ба марҳилаи муайяни рушду инкишоф рабт дошта, дар он ҳадафҳои асосӣ ва барномаҳои мушаххасгардида барои фаъолият дар ояндаи наздик ба таври таҳлилӣ, возеҳу равшан, дар заминаҳои асосноки илмӣ тарҳрезӣ шудааст, манзури мардуми кишвар карда мешавад. Аз натиҷаи таҳлили Паёми Пешвои миллат бармеояд, ки беҳбуди вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат дар маркази сиёсати Пешвои миллат қарор дошта, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ ва ғайраҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудаанд.
Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои ҳарсола иброз мегарданд, имкон медиҳад, ки ободии Ватан ва пешрафти давлат таъмин карда, халқи тоҷик ба амалӣ шудани ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ноил гардад.
Раиси шаҳр аз баргузории чорабиниҳои сиёсӣ- интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рӯйдоди дигари таърихии ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони ин давлатҳо ёдовар шуданд. аз пешниҳодҳои Тоҷикистон вобаста ба ҳалли масъалаҳои мушкилоти обу иқлим, ки аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳон эътироф шудааст, инчунин қабули ду қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» ва қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ», ки дар Паём Пешвои миллат баён доштанд, изҳори ақида намуд.
Тавре дар идомаи суханронӣ зикр гардид, Пешвои миллат иброз доштанд, ки иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш меёбад. Инчунин, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шудааст.
Аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расида, сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфтааст.
Рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад.
Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил додааст.
Дар баробари ин, моро зарур аст ки, – таъкид доштанд Пешвои миллат, суръати рушди иқтисоди миллиро дар соли 2026 на кам аз 8 фоиз таъмин намоем.
Носирзода Ҷаббор аз раванди рушди иқтисоди миллӣ ёдовар шуда, масъалаҳои татбиқи барномаҳои давлатӣ, корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мисоли шаҳри Ҳисор шарҳу тавзеҳ дод.
Бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, зимни ироаи Паём Пешвои миллат супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;
– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Дар баробари ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шаванд.
Аснои ироаи Паём, Роҳбари давлат ба мардуми заҳматкаҳши Тоҷикистон, соҳибкорон изҳори минатдорӣ карда, таъкид намуданд, ки мо бояд то санаи муқаддаси 35-солагии истиқлолият корҳои созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, чорабиниҳои ҷашниро бо сатҳу сифати баланд амалӣ созем ва пешниҳод карданд, ки ба ифтихори ин ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ, соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, эълон карда шавад.
Дар фарҷоми суханронӣ, раиси шаҳр ба фаъолон, барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ вазифагузорӣ намуданд, барору муваффақият орзу намуд.