17 декабри соли 2025, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор дар ҳузури намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сардори Раёсати назорати иҷрои қонунгузории замини Прокуратураи генералӣ, мушовири адлияи дараҷаи 1 Набизода Баҳодур бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мудирони шуъбаю бахшҳои дахлдори дастгоҳи раиси шаҳр, меъморию шаҳрсозӣ, кормандони кумитаи идораи замин, КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, раисону мутахассисони заминсози ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шуъбаи Агентии омор дар шаҳр, ҷаласаи васеи назоратии раиси шаҳрро баргузор намуд.
Дар ҷаласа пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани камбудию қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Набизода Баҳодур матни пурраи пешниҳоди прокуратураро, қироат карда, аҳли нишастро бо натиҷаҳои санҷиши гузаронидаи Раёсати назорати иҷрои қонунгузории замини Прокуратураи генералӣ дар шаҳри Ҳисор, шинос намуд.
Ҳамзамон, бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта зарур шуморид, ки комиссияи дахлдор таъсис дода камбудию қонунвайронкуниҳо бо риояи талаботи қонунҳои амалкунанда дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф ва барои роҳ надодан дар минбаъда, чораҳои таъсирбахш роҳандозӣ карда шавад.
Раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои дар пешниҳоди прокуратура зикргардида, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раиси комиссияи бартарафкунии иншооти ғайриқонунии назди МИҲД-и шаҳр, сармутахассиси ҳуқуқшинос, роҳбарони Кумитаи идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, бахши меъморию шаҳрсозӣ, шуъбаи Агентии омор, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони масъулро пурсиш карда, барои ислоҳи камбудиҳо дар муҳлати муайянгардида, вазифагузорӣ намуд.
Ҳамчунин афзуд, ки нисбати шахсоне, ки ба камбудиҳои болозикр роҳ додаанд, чораҳои қатъии интизомӣ андешида мешавад.


