Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, 20 декабри соли 2025 раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор рӯзи қабули шаҳрвандонро доир намуд.
Дар ин рӯз ба роҳбари шаҳр 17 нафар сокинони шаҳр вобаста ба масъалаҳои мусоидат ба дастрас намудани замини наздиҳавлигӣ, ҳуҷҷатгузории иншоот ва манзили истиқоматӣ, муаммои пардохти андози иншооти ҷамъиятӣ, ҷудо кардани замин барои оромгоҳ ва расонидани кӯмаки иҷтимоӣ муроҷиат карданд.
Шахсони масъул, аз ҷумла муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва дигар идораҳои марбута, барои баррасии муроҷиати шаҳрвандон дар муҳлатҳои муайяннамудаи қонун муваззаф гардида, барои ҷавоб гардонидан ба муроҷиатҳое, ки вақти муайянро талаб менамоянд, супоришҳои мушаххас ва иловагӣ гирифтанд.

