Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МАШВАРАТИ НАВБАТИИ НАЗОРАТИИ РАИСИ ШАҲР

22 декабри соли 2025 машварати навбатии назоратии раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти давлатӣ ва дигар шахсони дахлдор баргузор гардид.
Тибқи рӯзнома муовинони раиси шаҳр ва масъулони зерсохтор оид ба фаъолият дар ҳафтаи сипаришуда ва иҷрои супоришҳои протоколӣ аз машваратҳои қаблӣ гузориш доданд.
Сипас, Носирзода Ҷаббор масъулини соҳаҳоро оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мушкиливу камбудиҳо дар масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳамчунин, рафти бозомӯзии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаву ташкилот ва идораҳои марбута, обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ дар соли 2026, ҷамъбасти иҷрои нақшаи чорабиниҳои ҷашнии 35-солагии Истиқлолият дар соли 2025, фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ ва қабули иншоот, ҷамъоварии андозҳо, пардохти сари вақти музди маоши кормандони буҷетӣ ва нафақа, давомот ва рафти таълиму тарбия дар мактабҳо, фаъолияти муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, таъминоти аҳолӣ бо барқ, об ва ҷамъоварии маблағи онҳо, ҳолати нигоҳдории роҳҳо дар рӯзҳои боришоти барф, низоми баровардани партов ва дигар мушкилоти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр пурсиш карда, ҷиҳати ҳалли онҳо, масъулини соҳаҳоро вазифагузорӣ намуд.