Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

СЕМИНАРИ МИНТАҚАВИИ РАИСОНИ ШӮРОҲОИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор 8 январи соли 2026 дар китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор семинари минтақавии раисони шӯроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Роғун, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Файзобод ва Варзоб баргузор гардид.
Қабл аз оғози семинар, раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ҳайати меҳмононро бо роҳбарии котиби масъули Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Элмурод Турсунов дар ҳавлии бинои мақомот пазироӣ карда, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт ва барои шаҳри Ҳисорро макони баргузории семинар интихоб кардани Шӯрои марказии собиқадорони ҷангу меҳнат, изҳори минатдорӣ намуд.
Раиси шаҳр ба кори семинар барору муваффақият таманно карда, муовини аввали раиси шаҳр Каримзода Сироҷиддинро барои муаррифии корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳр ва шиносоӣ бо Осорхонаи таърихӣ кишваршиносӣ муваззаф намуд.
Пас аз тамошои Осорхона, шиносоӣ бо таъриху фарҳанги шаҳр ва аксгирии меҳмонон, дар Китобхонаи марказӣ семинар ба кори худ шуруъ карда, масъалаҳои омодагӣ ба Конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботии шӯроҳои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои номбурда, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Ҳангоми танафус, барои фароғати меҳмонон-сарварони собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои болозикр роҳбарияти шаҳр зиёфат ороста, аз ҷониби шуъбаи фарҳанги шаҳр, бо иштироки ду нафар Ҳунарпешаҳои шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сайфиддин Акрамзода ва Искандар Боев барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод карда шуд.
Меҳмонон бо таасуроти нек ба шаҳру ноҳияҳои худ баргаштанд.