Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ҶАЛАСАИ ВАСЕИ КОРИИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР ДАР ҲОШИЯИ МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

7 январи соли 2026 раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони зергурӯҳҳои кории 35-солагии Истиқлолият, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарону кормандони раёсатҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти давлатӣ, хоҷагиҳои ҷамъиятии кишоварзӣ ҷаласаи васеи корӣ баргузор намуд.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки 29 декабр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва масъалаҳои буҷети давлатӣ дар соли 2026 ва ҷалби сармоя дар солҳои 2026-2030 аз масъалаҳои асосии он буд. Роҳбари давлат вобаста ба иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаю муассиса ва ташкилотҳоро, сарфи назар аз шакли моликият уҳдадор намуданд.
Ҳамзамон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷамъбаст ва натиҷагирӣ аз рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2025, масоили зимистонгузаронӣ, расондани ёрӣ ба ятимону бепарасторон ва маъюбону оилаҳои ниёзманд, омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашнҳои байналмилалии Наврӯз ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд, – иброз дошт раиси шаҳр.
Дар идомаи ҷаласа муовини якуми раиси шаҳр оид ба фаъолияти зергурӯҳҳои кории 35-солагии Истиқлолият дар шаҳр гузориш дод ва роҳбарони зергурӯҳҳои корӣ аз ҷониби раиси шаҳр пурсиш ва вобаста ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар соли 2026, супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар ҷаласа ба масъалаи корҳои саҳроии кишоварзон таваҷҷӯҳ зоҳир гардида, раиси шаҳр фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро дар ин самт мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Муовини соҳавӣ, масъулони Раёсати кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ оид ба рафти шудгор ва кишт гузориш дода, барои сари вақт таъмин намудани иҷрои дурнамои кишти зироатҳо вазифадор шуданд.