23 марти соли 2025 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар маросими ифтитоҳи беморхонаи бемориҳои пӯст ва зӯҳравии шаҳри Ҳисор иштирок намуданд.
Беморхона дар шафати беморхонаи бемориҳои сироятӣ, воқеъ дар маҳаллаи Белайдуз бунёд ёфта, аз ду ошёна бо 20 кати хоб, ҳуҷраҳои бақайдгирӣ, физиотерапевтӣ, ҳуҷраи табибон ва ҳамшираи калон, муоинаи тиббӣ, толори маҷлисгоҳ, ошхона, озмоишгоҳ, иборат мебошад ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба сохтмони он маблағгузорӣ кардааст.
Ҳамчунин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷиҳозонидани утоқҳои ташхису табобатии беморхона ба маблағи зиёда аз як миллион сомонӣ таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавии тиббӣ харидорӣ ва дастрас намудааст.

