23 марти соли 2025 дар Муассисаи давлатии варзишгоҳи “Ҷавонӣ”, ба номи Абдуманнон Зокиров намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ, раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода бо ҳузури меҳмонон аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон, инчунин, намояндагони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ аз вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз намоиши дастовард ва ҳунарҳои мардумии кишоварзон, ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ки ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ ташкил гардид, боздид карданд.

