Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИФТИТОҲИ МУҶАССАМА ДАР ГАРДИШИ АЛМОСӢ

Соли 2025 дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ»-и Созмони Милали Муттаҳид ворид гардид.
Ба ин муносибат дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор Муҷассамаи рамзӣ гузошта шуд.
23 марти соли 2026 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар доираи ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, парда аз рӯи муҷассама бардоштанд.
Пайкарасозон бо тавсияи коршиносони соҳаи меъморӣ лоиҳаи маҷмааро бо сабки меъмории анъанавии тоҷикӣ, иборат аз ду пайкараи марду зане, ки сабади меваю ангур ва баррача рӯи даст доранд, тарҳрезӣ кардаанд. Дар пояи муҷассамаи рамзӣ мақсади гузошта шудани он бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ хакокӣ шудааст.