Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнии Наврӯзи байналмилалӣ, бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо Федератсияи аспдавонӣ ва бузкашии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 марти соли равон дар майдони аспдавонӣ ва бузкашии шаҳр сабқати бузкашӣ баргузор гардид.
Қабл аз оғози сабқат раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор паҳлавонон, ҳаводорони аспдавонӣ ва бузкаширо бо Наврӯзи байналмилалӣ шодбош гуфта, барояшон саломатию шодмонӣ ва бахту иқбол таманно намуд.
Дар сабқат човандозон аз давлатҳои ҳамсоя, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок ва сабқат карда, беҳтаринҳо соҳиби туҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла “Ҷом”-и мусобиқа ва автомашина гардиданд.
“Ҷом” ва калиди автомашинаро раиси шаҳри Ҳисор дар иҳотаи човандозон ба ғолиб тақдим карда, табрику таҳният гуфт.


