5 июни соли 2026 дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист чорабинии тантанавӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Ҳисор оид ба соҳаи кишоварзӣ Назарзода Баҳодур паёми табрикии раиси шаҳрро ба муносибати ҷашн ба сокинону меҳмонони шаҳр изҳор намуд.
Зикр гардид, ки ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти ҳалли масъалаҳои вобаста ба об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо эътироф гардида, ташаббусҳои Пешвои миллат дар ин самт аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбанд.
Дар идомаи чорабинӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуни шаҳрӣ дар мавзӯъи «Вазъи пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим» “диплом”, мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Инчунин ба як қатор кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар ҳифзи табиат ва беҳдошти муҳити атроф сипосномаҳо ва ифтихорномаҳо супорида шуданд.
Баъд аз қисми расмӣ барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид. Ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳри Ҳисор — Одили Ғанӣ, Саида Низомова, Холмуҳаммад Нуров, Сумая Соатова ва Ромизи Парвиз бо иҷрои сурудҳои дилнишин ва ватандӯстона ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд.
Чорабинӣ дар фазои идона ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор шуда, аҳамияти ҳифзи муҳити зист ва саҳмгузори дар ободиву тозагии диёр барои ояндаи кишвар ва насли наврас муҳим арзёбӣ гардид.


