Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ҲИСОР ДАР ПОЙТАХТ

6 июни соли 2026 дар доираи Рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар боғи фарҳангию фароғатии “Кӯли ҷавонон” рӯзи фарҳанги шаҳри Ҳисор доир гардид.
Дар гулгашту хиёбонҳои боғ сокинони шаҳри Ҳисор намоиш-фурӯши меваҷот, сабзавот, маҳсулоти саноатӣ ва намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, кулолгарӣ, заргарӣ ва дигар маҳсулоти дастӣ, инчунин, дар гӯшаҳои гуногуни боғ намунаҳои таомҳои миллии хоси водии Ҳисорро пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт намуданд. Рангорангии сӯзаниҳо, маҳсули дасти кулолгарону косибон ва бӯю маззаи таомҳои лазизи ошпазу кадбонуҳои ҳисорӣ диққати ҳар як иштирокчиро ба худ ҷалб мекард.
Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино аз растаҳои кишоварзон, ҳунармандон ва пухтупазҳои миллӣ дидан карда, ба маҳсули меҳнати ҳунармандону кишоварзон ва маҳорати хоси сокинони Ҳисор баҳои баланд доданд. Ин ҳамоиши фарҳангӣ бори дигар нишони ҳамбастагӣ, худшиносии миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумии сокинони шаҳри Ҳисорро ба намоиш гузошта, ҳунармандони хурду бузурги шаҳр фазои боғи фарҳангиро ба як иди ҳақиқии миллӣ табдил доданд.
Дар идома бо иштироки ҳунармандону устодони санъат шоми фарҳангӣ доир гардид.
Муовини раиси шаҳри Душанбе Нурҷаҳон Исмоилзода ва Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Умед Гуреззода чорабиниро ифтитоҳ карда, ба роҳбарияти шаҳри Ҳисор ва ҳунармандону сокинони он барои дар сатҳи шоиста баргузор намудани рӯзи фарҳанги шаҳри Ҳисор, муаррифии дастовардҳои иқтисодиву фарҳангии ин шаҳри куҳан, изҳори сипос намуданд.
Сипас, раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор суханронӣ карда, аз хизмату ташабусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили 3000-солагии шаҳри бостонии Ҳисор ва мақоми шаҳрро соҳиб гардидани он, ворид гардидани дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ»-и Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, бунёди даҳҳо муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш ёдовар шуд.
Ҳамзамон, ба роҳбарияти шаҳри Душанбе ва шахсан ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи фарҳанги шаҳри Ҳисор дар боғи “Кӯли ҷавонон” миннатдории самимӣ изҳор намуд.
Зикр намуд, ки сокинони шаҳри бостонии Ҳисор дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар доираи эълон гардидани соли 2026 – соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ аҳлона меҳнат карда, ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ, 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо бунёду навсозии даҳҳо иншооти ҳаётан муҳим, ободонии диёр, рушди инфрасохтор ва баргузории чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ҷамъбаст менамоянд.
Нуқтаи авҷи ин ҳамоиш барномаи бошукӯҳи консертӣ ва намоиши театрикунонидашудаи устодони санъат ва дастаҳои ҳунарии шуъбаи фарҳанг, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабии шаҳр гардид, ки то дергоҳ дар хотири сокинон ва меҳмонони пойтахт боқӣ хоҳад монд.