Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТИ НАЗОРАТИИ РАИСИ ШАҲР

8 июни соли 2026 таҳти раёсати раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор машварати назоратии раиси шаҳр баргузор гардид. Дар он муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзии ҷамъиятӣ, воҳидҳои сохтории ҳокимияти давлатӣ ва директорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ иштирок доштанд.

Нахуст, раиси шаҳр ба масъулони баргузории чорабинии Рузҳои фарҳанги шаҳри Ҳисорро дар боғи фарҳангию фароғатии  “Кули ҷавонон”–и шаҳри Душанбе сипосгузорӣ карда, аҳли маҷлисро бо тағйироти кадрӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шинос намуд.
Зикр гардид, ки бо қарорҳои раиси шаҳри Ҳисор Холзода Ҳидоятулло Тағой ба вазифаи сармуҳаррири нашрияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр – рӯзномаи “Ҳисори Шодмон”,  Одинаев Фирдавс Султонович ба вазифаи сармуҳаррири маҷаллаи шаҳрии “Ҳисори Зарнисор” ва Каримзода Ҷалолиддин Ҳабибулло ба вазифаи директори Муассисаи давлатии ободонӣ ва кабудизоркунии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таъйин карда шуданд.

Дар идомаи машварат муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр оид ба фаъолият дар ҳафтаи сипаришуда ва иҷрои супоришҳои протоколии машваратҳои қаблӣ гузориш дода, масъулони зерсохтор оид ба низоми барқу обрасонӣ, баровардани партов ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз ҷониби раиси шаҳр пурсиш ва вазифагузорӣ шуданд.