Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

НАҚШАИ ПИЛЛА ДАР ШАҲРИ ҲИСОР ИҶРО ГАРДИД

Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор нақшаи истеҳсоли пилларо дар муҳлати муқарраршуда пурра иҷро намуданд. Дар натиҷаи меҳнати софдилонаи кирмакпарварон ва дастгирии пайвастаи мақомоти маҳаллӣ ҳаҷми муайянгардидаи истеҳсоли пилла таъмин гардид.
Зикр гардид, ки аз оғози мавсим барои парвариши кирмак ба хоҷагиҳо тухми кирмак дастрас гардида, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва нигоҳубини дуруст ҳосили хуб ба даст оварда шуд. Кирмакпарварон бо масъулияти баланд фаъолият намуда, дар рушди соҳаи пиллапарварӣ саҳми назаррас гузоштанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба ҳамаи кирмакпарварон барои заҳмати содиқона ва саҳми арзандаашон дар иҷрои нақшаи пилла изҳори сипос намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъда муваффақиятҳои нав орзу менамояд