Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор кормандони муассисаҳои соҳаи коммуналиро ба ҳузур пазируфта, ба муносибати ин санаи фархунда табрику таҳният гуфт.
Ҳамчунин, дар доираи иқдомҳои хайриявӣ ба кормандони Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмони шаҳри Ҳисор, Муассисаи давлатии ободонӣ ва кабудизоркунии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маводи хӯрокаи ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, картошка ва пиёз тақдим намуд.
Раиси шаҳр зимни суҳбат бо кормандон таъкид кард, ки дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаҳои хизматрасонии коммуналӣ, ободонӣ ва кабудизоркунӣ, ки шубу рӯз дар ободии муҳити зист ва тозагии шаҳр хизмати шоиста менамоянд, дар меҳвари таваҷҷуҳи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.
Ҳамзамон, Носирзода Ҷаббор ба соҳибкорони ватандӯсту саховатпеша, ки дар чунин иқдомҳои хайриявӣ саҳм мегузоранд ва бо дастгирии қишрҳои гуногуни ҷомеа дар корҳои неку савоб саҳмгузорӣ менамоянд, изҳори миннатдорӣ баён кард.