Субҳи 12 ноябри соли равон дар гулгашти “Дуои модар”-и шаҳри Ҳисор сокинони шаҳр Ҳақназар Назаров ва Ҳақдод Гуловро, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини намуди “Кураш” дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳайати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, шарафи варзишии ватани маҳбубамонро ҳимоя намуданд, истиқбол гирифтанд.
Пас аз маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи “Дуои модар” бо иштироки фаъолону сокинони шаҳр чорабинии тантанавӣ доир гардид ва Раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор суханронӣ карда, ҳарду паҳлавонро табрику таҳният гуфт.
Зикр гардид, ки Ҳақназар Назаров дар чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини намуди “Кураш” дар вазни 90 кг соҳиби медали тилло ва унвони баланди “Чемпиони ҷаҳон” ва Ҳақдод Гулов дар вазни 60 кг сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра гардиданд.
Раиси шаҳр афзуд, ки зафари навбатии варзишгарон дар арафаи таҷлили ҷашнҳои муқаддаси миллӣ Рӯзи Президент ва Рӯзи парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки дастпарварони бонангу номус ва ватандӯсти Мактаби варзишии ба номи Абдуманнон Зокирови шаҳри Ҳисор дорои маҳорати баланди касбӣ буда, дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳамеша парчамбардори давлату миллати хеш мебошанд.
Бояд гуфт, ки Мактаби варзишии ба номи Абдуманнон Зокирови шаҳри Ҳисор ҳамчун пойгоҳи асосии тарбияи варзишгарони касбӣ ва оммавигардонии тарбияи ҷисмонӣ маҳсуб ёфта, дар якчанд самтҳои калидӣ фаъолияти назаррас дорад. Натиҷаи масъулияти баланди устодону шогирдони мактаби варзишӣ аст, ки дастпарварони муассиса дар 9 моҳи соли 2026-ум 489 медали тилло 301 медали нуқра ва 283 медали биринҷӣ, дар умум 1073 медал ба даст оварданд. Хушбахтона, аз ин шумора 23 медал, аз ҷумла 13 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷиро варзишгарони умедбахши мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовор гардиданд, ки дар таърихи варзиши шаҳри Ҳисор бесобиқа мебошад.
Маврид ба ёдоварист, ки Ҳақназар Назаров дар намуди гӯштини миллӣ солҳои 2024 ва 2026 ду маротиба унвони баланди Қаҳрамони ҷаҳонро сазовар гардидааст, ки боиси ифтихору сарфарозии Мактаби варзишӣ ва ҳамдиёрон маҳсуб меёбад.
Шаҳрдор ба чемпионҳои ҷавон — Ҳақназар Назаров ва Ҳақдод Гулов, “ Сипоснома” ва маблағи пулӣ тақдим карда, ба ҳайати устодону мураббиёни Мактаби варзишии ба номи Абдуманнон Зокиров тансиҳатӣ, хонаободӣ ва дар мусобиқаҳои ояндаи сатҳи ҷаҳониву байналмилалӣ зафару комёбӣ таманно намуд.
Ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр ба ифтихори ғалабаи варзишгарон барномаи ҷолиби консертӣ доир намуданд.
Рустам Азимӣ


