Дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сохтани мактаби мусиқӣ дар маркази ҳар як шаҳру ноҳияи мамлакат, ки дар Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ охири соли 2024 ва зимни сафарҳои корӣ ба минтақаҳо, аз ҷумла ба вилояти Суғд дар тирмоҳи соли 2024 ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо дода шуда буд, дар шаҳри Ҳисор амалӣ гардид.
Ифтитоҳи бинои нави Мактаби бачагонаи санъати ба номи Саид Ҳамроев дар шаҳри Ҳисор як рӯйдоди муҳим ва хотирмон барои соҳаи фарҳангу маорифи ин шаҳр мебошад. Ин иқдоми нек заминаи моддию техникии муассисаро, ки қаблан дар шакли пароканда фаъолият дошт, ба куллӣ беҳтар намуд.
Ба истифода додани ин муассисаи муосири санъат дар шаҳри Ҳисори Шодмон маҳз дар рӯзи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ки ба ин ҷашни миллии сарнавиштсоз шукӯҳи бештар бахшид.
Дар бинои нав на танҳо мактаби мусиқӣ, балки Маркази санъат ва эҷоди кӯдакон ва мактаби рассомӣ низ ҷойгир карда шудаанд, ки ин имкон медиҳад кӯдакону наврасон дар як макон ба намудҳои гуногуни ҳунармандӣ машғул шаванд.
Санъаткорони наврас акнун метавонанд дар шароити замони муосир навохтани созҳои халқию касбӣ, санъати тасвирӣ, овозхонӣ ва ҳунарҳои драмавию хореографиро зери назари устодони ботаҷриба сайқал диҳанд.
Иштироки бевоситаи раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар маросими кушодашавӣ ва шиносоии ӯ бо шароитҳои таълимгоҳ нишондоди таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат, ҳамзамон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба рушди зеҳнӣ ва маънавии насли наврас мебошад.
Маврид ба ёдоварист, ки шуруъ аз соли 2019 даҳҳо шогирдони муассиса дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” иштирок карда ғолиби ҷойҳои аввал ва ифтихорӣ гардидаанд. Ин воқеан нишондоди дараҷаи баланди таълим ва заҳмати устодони ин мактаби санъат аст. Саҳми муассиса дар тарбияи насли наврас ва омода намудани онҳо барои саҳнаи калон хеле назаррас мебошад.
Иштироки фаъол ва соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидани даҳҳо шогирдони ин мактаб дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» воқеан собит месозад, ки Ҳисор аз қадим бо фарҳангу санъати худ машҳур буд, имрӯз дар мактаб заминаи қавии таълимӣ мавҷуд аст, омӯзгорон метавонанд маҳорати фитрии кӯдаконро дуруст сайқал диҳанд ва ин шогирдон давомдиҳандагони арзандаи анъанаҳои ниёгон бошанд.
Акнун, бо шароити наву муосире, ки дар бинои нави Мактаби бачагонаи санъати ба номи Саид Ҳамроев муҳайё гардидааст, метавон интизор шуд, ки шумораи ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз ин шаҳр боз ҳам бештар гардида, номи шаҳри Ҳисор ва фарҳанги тоҷикро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ хоҳанд кард.

