Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ДАР ҲИСОР СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДОИР ГАРДИД

Имрӯз, 14 октябр дар шаҳри Ҳисор бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдор ва олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ семинари илмӣ-амалии минтақавӣ дар мавзуи «Технологияҳои инноватсионии парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахта дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид.
Дар доираи семинар раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор меҳмононро ҳамроҳӣ намуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ ва президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло аз заминҳои хоҷагии таҷрибавии «Зироаткор», заминҳои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҶДММ «Октябр» дидан намуданд.
Зимни боздид масъулон бо вазъи кишти гандуми тирамоҳӣ ва пахта, ҳолати нашъунамои зироатҳо, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва роҳҳои ҷорӣ намудани технологияҳои муосири парвариш шинос шуданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити тағйирёбии иқлим истифодаи усулҳои инноватсионӣ, риояи қоидаҳои агротехникӣ, интихоби навъҳои серҳосил ва истифодаи самараноки захираҳои обу замин дар баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Семинари мазкур барои табодули таҷрибаи олимону мутахассисон, баррасии дастовардҳои илмӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам дар соҳаи кишоварзӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.