Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

Кишоварзӣ

Кишоварзӣ

5 thoughts on “Кишоварзӣ”

  1. Холзода Ҳидоятулло

    Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор, дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Сомон бо рафти кӯчати ниҳоли помидор дар гармхонаи навтаъсис, ки дар ҳудуди 2 гектар бунёд ёфта истодааст, шинос гардид ва барои коркард ва нашъунамои хуби ниҳолҳо ба деҳқонон тавсияву маслиҳатҳои судманд дод.

  2. Вебсайт

    Дар ҷамъбасти 11 моҳи соли 2025 истеҳсоли зироатҳои ғалладонагӣ ба 24 ҳазору 332,3 тонна, зироатҳои техникӣ 2 ҳазору 942,7 тонна, картошка 10 ҳазору 75,8 тонна, сабзавот 75 ҳазору 74,5 тонна, зироатҳои полезӣ 4 ҳазору 761,0 тонна, мевагиҳо 32 ҳазору 286,9 тонна, ангур 29 ҳазору 595,7 тонна истеҳсол шудаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зироатҳои ғалладонагӣ 3238,3 тонна, кам ва зироатҳои техникӣ ҳамагӣ 724,8 тонна, аз он ҷумла пахта 593,4 тонн, картошка 43,2 тонна, сабзавот 2576,9 тонна, полезиҳо 161,8 тонна, мевагиҳо 2042,4 тонна, ангур 2 ҳазору 931,9 тонна зиёд гардидааст.

  3. Вебсайт

    Дар ҷамъбасти 11 моҳи соли 2025 дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ гӯшт 6 ҳазору 555,6 тонна, шир 28 ҳазору 461,9 тонна, тухм 35 млн. 42,2 ҳазор дона, пилла 9 тонна, пашм 78,7 тонна, асал 44,7 тонна истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта гӯшт 8,5 тонна, шир 12,1 тонна, тухм 165,3 ҳазор дона, пашм 5,2 тонна, , асал 0,9 тонна зиёд гардида, истеҳсоли пилла 3,2 тонна кам гардидааст.

  4. Вебсайт

    Дар ҳудуди шаҳр 21 адад гармхона дар масоҳати 7,6 гектар ва 59 адад лимупарваришгоҳ бо майдони 3,38 гектар фаъолият дошта, айни ҳол, ба миқдори 365,8 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ карда шудааст.

    Бо мақсади кам кардани талафот ва нигоҳдории меваю сабзавот айни ҳол дар шаҳр 79 адад сардхонаҳои замонавӣ бунёд карда шудааст, ки барои ҷойгиркунонии зиёда аз 13 ҳазору 130 тонна маҳсулоти кишоварзӣ имконият дошта, барои дар тамоми фаслҳои сол бо меваю сабзавоти тару тоза таъмин намудани аҳолии кишвар ва содироти он ба хориҷи кишвар мусоидат менамояд. Айни замон дар ин сардхонаҳо ба миқдори 5 ҳазору 635 тонна аз он 350 тонна мевагиҳо ва 5 ҳазору 285 тонна ангур захира карда шудааст.

  5. Вебсайт

    Тибқи маълумотҳои оморӣ соли ҷорӣ дар шаҳри Ҳисор аз 15 адад корхонаҳои паррандапарварӣ 12 адад фаъолият намудааст. Истеҳсоли гӯшти паранда дар давраи ҳисоботӣ 3876 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6709,1 тонна кам гардидааст. Дар ин давра тухм 29 млн. 877,2 ҳазор дона истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 140,4 ҳазор дона зиёд мебошад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *