30 декабр раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар аз Маркази саломатии шаҳрӣ, ки аз таъмири пурра баромадааст, дидан намуд.
Таъмири муассиса бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба маблағи 553 392 сомонӣ аз ҳисоби буҷет амалӣ шуда, корҳои таъмиру тармимро сохтмончиёни ҶДММ “Руҳафзои Исмон” ба субут расониданд.
Роҳбари муассиса Маҳмуд Кабирӣ ба раиси шаҳр иттилло дод, ки таъмир охири моҳи октябр оғоз гардида, дар се ошёнаи муассиса долону утоқҳои кории маъмурият ва ҳуҷраҳои кории табибони осебшинос пурра ва ҳуҷраҳои боқимонда қисман таъмир гардиданд. Дар се ошёна 6 адад дарҳои дутабақаи даромад ва тирезаҳо бо 52 адад пластикӣ иваз гардиданд. Ҳамчунин, дар доираи таъмир, деворҳо аз нав андова ва рангубор шуда, бо зардеворӣ рӯйпӯш ва хатҳои фарсудаю корношоями барқ пурра иваз карда шуданд. Фаршу шифти долону утоқҳои кории табибон ба тарзи замонавӣ таъмир гардиданд.
Раиси шаҳр аз утоқҳои кории табибон, ҳуҷраҳои ташхиси фаросавтӣ (УЗИ), сабти барқии дил (ЭКГ), рентген, ҳуҷраи захираи дорувориҳо барои кӯмаки аввалияи тиббӣ ва маҷлисгоҳ дидан намуда, ба сифати таъмир баҳои баланд дод. Ҳамзамон, ба табибон таъкид намуд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо вазифаҳои худро дар назди мардуми ниёзманд содиқона ба ҷо оранд.