Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

НАҚШАҲОИ ТАРҲРЕЗИШУДА ТАҲТИ ШИОРИ “ВАТАНДӮСТӢ ВА РУШД” АМАЛӢ МЕГАРДАНД

21 январ таҳти раёсати Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, иштироки муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва сохторҳои давлатии дахлдор ҷаласаи корӣ доир гардид. Дар он масъалаҳои фаъолияти масъулон дар бартарафсозии мушкилоте, ки дар рӯзҳои охир дар натиҷаи резиши зиёди барф, сардӣ ва яхбандӣ дар самти тоза кардани роҳҳо, таъмини муътадили барқ ба аҳолӣ, таъмини муназзами ҳаракати нақлиёт, бахусус мусофиркашонӣ, саривақт баровардани партов дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба амал омада буд, дар асоси гузоришҳое, ки ба раиси шаҳр дастрас шудааст, баррасӣ гардид.
Дар ҷаласа аз фаъолияти нокифояи кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Ҳисор, бахши ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр дар рӯзҳои сардӣ изҳори нигаронӣ карда шуд ва тавассути монитор ҳолати тоза кардани роҳ дар ин рӯзҳо тариқи ҷадвал бо дарҷи рақамҳои мушаххас нишон дода шуд.
Дар идома аз рафти сафарбарии ҷавонон ба курсҳои ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Ҳисор дар даъвати навбатии баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузориши комиссариати ҳарбӣ дар ин самт мавриди таҳлил қарор гирифта, барои ҷоннок намудани фаъолият раиси комиссияи даъват, комиссари ҳарбӣ ва дигар шахсони масъул вазифадор гардиданд.
Раиси шаҳр ба рафти ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр, баррасии ҳолати ба истифода додани иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва иҷрои супоришҳои протоколии раиси шаҳр дар мулоқот бо сокинони шаҳраку деҳот аз моҳи феврали соли 2022, ки бояд дар маҷлисҳои ҷамъбастии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мавриди баррасӣ қарор мегирифт таваҷҷӯҳ намуд ва вобаста ба ислоҳи камбудиҳое, ки дар ҷараёни маҷлисҳои ҷамъбастии ҷамоатҳо ба мушоҳида расидааст, ба кормандони дастгоҳи ҷамоатҳо дастуру супоришҳои иловагӣ дода шуд.
Моро зарур аст, – афзуд раиси шаҳр Қосим Роҳбар ташвиқу тарғиби Паёми Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳое, ки аз Паём бармеояд, қарору супоришҳои Раиси шаҳр дар маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2022 ва вазифаҳо дар соли 2023, татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор дар соли 2023-ро дар меҳвари фаъолияти хеш қарор дода, нақшаҳое, ки рӯи даст дорем амалӣ намоем. Бо ин мақсад аз ҳисоби муовинон, кормандони шуъбаю бахшҳои МИҲД-и шаҳр, собиқадорони меҳнат, шоиру нависандагон гурӯҳҳои кории таблиғотӣ таъсис дода шуда, онҳо ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сафарбар мешаванд ва бо сокинони шаҳр мулоқот карда, барои дар амал татбиқ намудани нақшаҳое, ки тарҳрезӣ шудаанд, ҳамчунин вусъати корҳои созандагиву ободонӣ ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
Раиси шаҳр ба масъалаи ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дахл намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу маънавӣ баргузор намудани маросими қабули онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Дар интиҳо Қосим Роҳбар нуктаеро, ки дар Паёми Роҳбари давлат бо мазмуни зайл ироа шудааст, қироат намуд: “Мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем, ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.
Яъне, ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои “ватандӯстӣ” ва “рушд”-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем”.
Дар партави сухани Пешвои миллат раис шаҳр бо итминон изҳор дошт, ки кормандони МИҲД-и шаҳр якҷо бо сокинони сарбаланди шаҳр “Ватандӯстӣ ва рушд” – ро шиори фаъолият ва зиндагии минбаъдаи хеш қарор дода, баҳри шукуфоии шаҳри Ҳисор ва дар умум кишвари азизамон Тоҷикистон, саъю талош хоҳанд намуд.