Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ҒОЛИБИЯТИ НАВРАСОНИ ШАҲРИ ҲИСОР ДАР ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ ДАВРИ МИНТАҚАВӢ БАЙНИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 5-6-И ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ

Дар паёми имсолаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» зикр намуданд, ки “Мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем”.
Вобаста ба ин рӯзҳои 4-5 феврал дар Литсейи Президентӣ барои бачагони болаёқат дар шаҳри Душанбе олимпиадаи фаннӣ даври минтақавӣ байни хонандагони синфҳои 5-6-и шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар он 120 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор иштирок намуда, дониши худро санҷиданд. Дар натиҷа хонандагони шаҳри Ҳисор бо гирифтани 38 ҷойҳои 1, 2 ва 3 дар минтақаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мақоми аввалро соҳиб гардиданд. Аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 13 ҷой, мактаби Президентӣ 13 ҷой ва филиали литсейи Ҳотам ва ПВ дар шаҳри Ҳисор 12 ҷойҳоро соҳиб шуданд.