14 феврал раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар бо иштироки муовини якуми раиси шаҳр Сироҷиддин Каримзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳмад Қаюмзода, директори клуби футболи “Шодмон”-и Ҳисор Баҳрулло Шарифов ва сармураббии даста Ҳикматулло Фузайлов намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Ноиби Президенти Федератсия Алишер Урунов, директори генералии лигаи футболи Федератсия Сайвалӣ Шоқурбонов ва Аъзои Комиссияи Федератсия Раҳмон Муртазоевро ба ҳузур пазируфт.
Тарафҳо дар машварат атрофи рушди футбол дар мамлакат сухан ронда, раиси шаҳр Қосим Роҳбар аз ташаббусу дастгириҳои раиси Федератсияи Футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштироки дастаҳои футболи Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ёдовар шуд ва барои таваҷҷуҳи хос зоҳир намудан ба дастаҳои навтаъсис, аз ҷумла “Шодмон”-и шаҳри Ҳисор ба роҳбарияти Федератсия изҳори сипос намуд.
Дар машварат мақсади ташрифи меҳмонон, ки ҷиҳати ошноӣ пайдо намудан аз рафти фаъолият, шароит ва омодагиҳои клубҳои футболи лигаҳои олӣ ва якум қабл аз оғози мавсими футбол дар соли 2023, инчунин ҷавобгӯ будани шароитҳои варзишгоҳи марказӣ ва варзишгоҳи “Ҷавонон”-и шаҳри Ҳисор ба мавсими навбатии футбол дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ маънидод мегардид, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон, дар рафти муколамаи ҷонибҳо масъалаҳои ҷавобгӯ будани фаъолияти клуби “Шодмон” ба меъёрҳои варзишӣ, инфрасохторӣ, ҳуқуқӣ, молӣ ва кадрию маъмурӣ баррасӣ гардида, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои бартараф кардани онҳо дар варзишгоҳҳои шаҳр то оғози мусобиқаҳо, дар моҳи апрели соли равон изҳори назар карда шуд.
Ҳамчунин, оид ба тасмими роҳбарияти клуби футболи “Шодмон”-и шаҳр Ҳисор, ки дар соли 2022 ба лигаи якуми футболи мамлакат роҳхат гирифта, баромадан ба лигаи олии мамлакатро мароми хеш қарор додааст, инчунин қабули бозингарони касбияташон баланд, ҷалби бозингарону мураббиёни хориҷӣ ба даста ва роҳ ёфтан ба мусобиқаҳои сатҳи Осиёӣ тавсияву пешниҳодҳои тарафҳо шунида, изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкориҳои мутақобила бо Федератсияи Футболи мамлакат ва дастгирии роҳбарияти он роҳи расидан ба ин мақсадҳоро ҳамвор хоҳад намуд.